- асҳоб
- [اصحاب]а. ҷ. соҳиб; асҳоби дониш аҳли дониш, донишмандон; асҳоби завқ соҳибони истеъдоди адабӣ, наққошӣ, мусиқӣ ва ғ. ; асҳоби зулм золимон, зулмкунандагон; асҳоби каҳф асот. ҳафт нафаре, ки аз тарси Дақёнус ном подшоҳи золим ба ғоре паноҳ бурда, дар он ҷо солҳои зиёде хобидаанд; асҳоби қисас ровиён, ривояткунандагон; қиссагӯйҳо; асҳоби фил пайравони Абраҳа ном подшоҳи Ҳабашистон, ки пеш аз ислом бо филҳои ҷангӣ барои хароб кардани хонаи Каъба ба шаҳри Макка ҳуҷум оварда буданд ва онҳоро қавми фил ҳам меноманд; асҳоби ҳавоиҷ ҳоҷатмандон, соҳибони ҳоҷат
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.